Гармии тоқатфарсо дар рӯзҳои истироҳати оянда

Date:

Обуҳавошиносони Тоҷикистон аз гармии шадид дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати оянда маълумот медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 18 июн дар қаламрави кишвар обуҳавои гарму хушк дар назар аст.

«Рӯзҳои истироҳати оянда ҳарорати ҳадди ниҳоӣ дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 40 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод», – гуфт сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова.

Ба гуфтаи ӯ, беҳад гармшавии обуҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ба босуръат обшавии барфу пиряхҳо ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо оварда мерасонад, ки дар навбати худ ба селу обхезиҳо, фаромадани ярчу сангрезиҳо боис шуда метавонад.

«Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва қарор доштан наздикии обанбору дарёҳо дар ин рӯзҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд»,- изҳор дошт намояндаи КҲФ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...