Қадамҷон Сафизода 8,5 солро дар зиндон паси сар мекунад

Date:

Собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафизода 8,5 соли ояндаро пушти панҷара паси сар мекунад.

Рӯзи 14 июн суд 7 нафар мардонро дар даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ айбдор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Ҳамин тавр, бо ҳалномаи суд Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонун дар бораи авф муҳлати ҷазои онҳо то 10 сол кам шуд ва бо назардошти муддати 1 солу 4 моҳ дар боздоштгоҳ қарор доштанашон, муҳлати боқимондаи ҷазо – 8 солу 8 моҳро онҳо дар зиндони низомаш шадид паси сар мекунанд.

Айбдоршудагони дигар – Фурқат Раззоқов, Владимир Бобоев, Зуҳайл Сангинов ва Арслон Маҳкамов, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд, бо татбиқи қонуни авф муҳлати ҷазояшон то 8 сол кам шуд. Ҳикматулло Хоҷаев ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни авф 7 сол дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...