Ваҳдат президентро интизор аст. Вале нақшаҳо то охир иҷро нашуданд

Тамоми чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешаванд. Ба ин муносибат дар шаҳр ба маблағи 50 млн. сомонӣ варзишгоҳи нав сохта шуд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар ин варзишгоҳ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти раҳбарии ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру навоҳӣ, меҳмонон аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тамоми чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешаванд.

Ба ин муносибат дар шаҳр ба маблағи 50 млн. сомонӣ варзишгоҳи нав сохта шуд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар ин варзишгоҳ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти раҳбарии ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру навоҳӣ, меҳмонон аз тамоми минтақаҳои кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки сохтмони варзишгоҳи нави шаҳри Ваҳдат бо иштироки сарвари давлат моҳи августи соли 2014 оғоз гардида, он дар майдони 3,5 гектар ҷойгир шудааст. Ба ҷуз майдони марказӣ, он аз майдонҳои хурду миёна, толорҳои варзишӣ ва биноҳои дигари таъиноти гуногун иборат аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, рӯзи 27 июн дар ҳузури президент ба ҷуз варзишгоҳ, ҳамчунин мактаби нав бо 1240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки бо назардошти беҳтарин шароитҳои муосири таълиму тарбия сохта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби буҳрон ба нақшаҳои ҳукумат доир ба сохтмони боғи нави фарҳангу фароғат дар шаҳри Ваҳдат, ки он низ соли 2014 оғоз гардида буд, тағйирот ворид шуд. Президент дастур дода буд, ки иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2016 ба истифода дода шавад, вале корҳои сохтмон дар он то ҳол идома доранд.

Ҳамчунин сохтмони микрорайони нав дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 37 гектар низ ба итмом нарасидааст. Дар ин майдон сохтмони 22 бинои истиқоматии 9 ва 12-ошёна, меҳмонхона барои 300 нафар, кӯдакистон барои 340 нафар ва дигар иншоот пешбинӣ гардида буд.

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати истиқболи шоистаи президент ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ корҳо босуръат идома доранд. Ҳамарӯза иштирокчиёни раҳпаймоиҳову намоиши театрикунонидашуда ва консерти идона машқу тамринҳо баргузор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио