Рӯзи 14 июн мотосиклронҳо ё худ байкерони тоҷик пойгаи 35-рӯзаи худро дар роҳҳои ИМА ба итмом расониданд Аз Лос-Анҷелес онҳо ба Истамбул ва аз он ҷо ба Ватан баргаштанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Иштирокчиёни пойгаи «Мо тоҷикон-3. Ба сӯи Ғарб» аз ширкати бузургтарини мотосиклронии ИМА – EagleRider сертификат гирифтанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Дар ин бора роҳбари гурӯҳи байкерони тоҷик Фарҳод Калонов дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Байкерони тоҷик (гурӯхи иборат аз 6 нафар) 9 майи соли 2017 ба ИМА парвоз карданд. Дар тамоми фосилаи роҳ дар қаламрави ИМА ин даста парчами Тоҷикистонро бо худ дошт.
Пойгаи мотосиклронӣ дар ИМА иқдоми сеюми байкерони дар лоиҳаи «Мо тоҷикон» аст.
Роҳбари даста Фарҳод Калонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадафи аслии лоиҳа шиносоии сокинони кишварҳои хориҷӣ бо Тоҷикистон аст.
Соли 2015 мотосиклронҳои тоҷик ба иқдоми «Мо тоҷикон-1» даст зада, пойгаи байнулмилалии мотосиклронӣ дар роҳҳои кишварҳои ИДМ ва Туркияро ба масофаи 13 ҳазор километр баргузор намуданд.
Соли 2016 пойгаи мотосиклронии «Мо тоҷикон-2» дар 12 кишвари Аврупо амалӣ шуд. Масофаи ин роҳ 7 ҳазор километрро ташкил дод.


