Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 6 нафар ғарқ шуданд

Date:

Рӯзҳои истироҳати сипаригашта дар наҳру дарё ва кӯлу обанборҳои кишвар 6 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти датари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 17.06.с.2017, тахминан соати 15:35-дақиқа, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

18-уми июни соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 56-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ин рӯз тахминан соати 15:55-дақиқа, марди 26-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ноҳияи А.Ҷомӣ, низ чунин ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Тахминан соати 12:30-дақиқа, писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи А.Ҷомӣ аз беназоратии волидонаш дар канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.

18-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.

ВКД аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт бошанд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...