Пулҳои қалбакии 100-сомонигӣ дар Душанбе. Боздошти 2 нафар

Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва кӯшиши ба муомилот баровардани 24 адад пулҳои қалбакии арзишашон 100 сомонӣ ду нафар ҷавонони 21-солаи сокини пойтахт боздошт шуданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин маълумот менависад, боздоштшудагон барои ба муомилот баровардани пулҳои қалбакие, ки бо истифода аз коғази махсус ва принтерҳо тайёр […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва кӯшиши ба муомилот баровардани 24 адад пулҳои қалбакии арзишашон 100 сомонӣ ду нафар ҷавонони 21-солаи сокини пойтахт боздошт шуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин маълумот менависад, боздоштшудагон барои ба муомилот баровардани пулҳои қалбакие, ки бо истифода аз коғази махсус ва принтерҳо тайёр шудааст, талош ба харҷ додаанд.

Гуфта мешавад,  дар баробари 24 адад пулҳои қалбакии 100-сомонигӣ, аз боздоштшудагон 3 принтер ва 170 метр коғази махсус дарёфт в мусодира шудааст.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 281-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта))  парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда муҳлати ҷазо аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.