Эҳтимоли тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа

Мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба – шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ – Калининобод) ба – шаҳри Леваканд табдили ном кунанд. Ҳамзамон мақомоти вилоят ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи ноҳияи Бохтар (замони шӯравӣ – Коммунистӣ) ба ноҳияи Кӯшониён иваз карда шавад. Тавре як манбаи “Азия-Плюс” […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба – шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ – Калининобод) ба – шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Ҳамзамон мақомоти вилоят ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи ноҳияи Бохтар (замони шӯравӣ – Коммунистӣ) ба ноҳияи Кӯшониён иваз карда шавад.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, дар сурати қабули пешниҳод, он аз ҷониби ҳукумат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Он дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400  нафар аҳолӣ сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қӯрғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекон ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Қӯрғонтеппа солҳои 1944 – 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Имрӯз шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар маҳсуб ёфта, дар он якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.