Писари собиқ роҳбари “Барқи тоҷик” директори бузургтарин аквапарк таъин шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори худ Муродҷон Самиевро директори бузургтарин аквапарк дар Тоҷикистон, ки чанде қабл мавриди истифода қарор гирифт, таъин кард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, акнун расман аквапарк Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» ном гирифт. Муродҷон Самиев писари собиқ раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, собиқ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, собиқ директори […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори худ Муродҷон Самиевро директори бузургтарин аквапарк дар Тоҷикистон, ки чанде қабл мавриди истифода қарор гирифт, таъин кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, акнун расман аквапарк Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» ном гирифт.

Муродҷон Самиев писари собиқ раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, собиқ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, собиқ директори нерӯгоҳи Бойғозӣ, айни замон раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифхон Самиев мебошад.

Ёдрас мекунем, ки 19 июни соли равон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии "Обшорон" – калонтарин Аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои   тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст