Машқҳои низомии «Ҳамкории минтақавӣ-2017» дар Тоҷикистон

Нерўҳои амниятии Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва ИМА,  инчунин назоратчиён аз Қазоқистон, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии бисёрмиллиятии ҳарсола дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ– 2017 (ҲМ -17), ки дар шаҳри Душанбе аз 10 то 23 июли соли 2017 баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Роҳбарии ин машқи низомиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.  ҲМ – 17 […]

Иттилоияи расмӣ

Нерўҳои амниятии Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва ИМА,  инчунин назоратчиён аз Қазоқистон, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии бисёрмиллиятии ҳарсола дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ– 2017 (ҲМ -17), ки дар шаҳри Душанбе аз 10 то 23 июли соли 2017 баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Роҳбарии ин машқи низомиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.  ҲМ – 17 амалиёти намунавии сулҳофариниест, ки ба мандати СММ, бо таваҷҷўҳи умда ба мубориза зидди терроризм, амнияти сарҳадӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои рафъи офатҳои табиӣ ва баргузории амалиётҳо барои нигаҳдории субот, ҷавобгў мебошад.

Ҳар як кишвар баҳри иштирок дар банақшагирии амалиётҳои низомии муштарак намояндагони худро пешниҳод менамояд, ки аз рўи якчанд сенарияҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. 19 июл намояндагони васоити ахбори омма даъват мешаванд, то ки дар «Кохи афсарон» рафти машқҳои фармондеҳӣ-ситодиро мушоҳида кунанд ва бо иштирокчиён мусоҳиба гузаронанд.    

Омўзише, ки дар чорчӯбаи ҲМ – 17 сурат мегирад, ба ҳамкорӣ ва мутобиқати функсионалӣ мусоидат мекунад, зарфияти кориро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти амнияти муштарак баланд мебардорад, қобилияти аксуламали фаврӣ байни созмонҳои бисёрмиллиятиро тақвият мебахшад. Панҷ давлат ва беш аз 200 намояндгони кишварҳои узв дар ин машқи низомӣ ширкат хоҳанд кард. Ғайр аз ин, аз 17 то 21 июл қўшунҳои ИМА ва Тоҷикистон машқҳои муштараки майдониро дар наздикии Фахробод баргузор хоҳанд кард.

Бо мақсади беҳтаргардонии мутобиқати функсионалӣ дар минтақа, ҲМ-17 форумро барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ тариқи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубодилаи иттилоот, ба хотири таҳкими ҳамоҳангӣ ва муколама дар минтақа пешкаш менамояд.

Дар машқҳои мазкур, ки дар чорчубаи Ҳамкориҳои Минтақавии соли ҷорӣ гузаронида мешаванд, таваҷҷўҳи умда ба амалиёт ҷиҳати нигаҳдории субот, амнияти сарҳад, назорати сарҳадӣ, мубориза зидди терроризм, паҳншавии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа зоҳир мегардад. Аз соли 2001сар карда, дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ ҳамасола як қатор машқҳои низомӣ баргузор гардидаанд ва машқи охирин дар иёлати Массачусетс аз 16 то 28 сентябри соли 2016 гузаронида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.