Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё!

Date:

Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро   Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук дониста шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Ҷоиза ба варзишгари тоҷик 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон тақдим гардид.

Дар Сипосномаи ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Даҳлан Ал Ҳамад, ки ба Дилшод Назаров фиристода шудааст,  гуфта мешавад:

«Барои ман ифтихори бузург аст, ки аз номи Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ва ҳамаи аъзои осиёии он Шуморо ба муносибати Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз рӯи намуди варзиши сабук шуданатон муборакбод мегӯям».

Гуфта мешавад, ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё зикр намудааст, ки ин Ҷоиза шаҳодати меҳнати зиёд ва фидокории Дилшод Назаров аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки  агар Дилшод Назаров ин равишро идома диҳад, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гардида, барои кишвар ва қитъаи Осиё ифтихори бештар хоҳад овард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...