Ташрифи президенти Афғонистон ва сарвазири Қирғизистон ба Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Гуфта мешавад, Президенти Афғонистон дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок менамояд. […]

АМИТ “Ховар”

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, Президенти Афғонистон дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирок менамояд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Соати 13-и имрӯз вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қирғизистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати ҶТ воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони CASA-1000 баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.