Тақвияти мубориза бо бисёрзанӣ дар Ӯзбекистон

Date:

Мақомоти Ӯзбекистон мубориза бо бисёрзаниро пурзур карда, талош доранд, ки занонро аз издивоҷҳои ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қонунгузорҳои ӯзбек дар ҳоли ҳозир, лоиҳаи нави қонунеро дар ин замина таҳия доранд. Ин лоиҳа ба руҳониёне, ки ақди никоҳҳои пинҳониро анҷом дода, ба бисёрзанӣ мусоидат мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.

"Бархе афроди доро чанд зан доранд. Баъзеи онҳо бо вуҷуди қонунан манъ будан расман ақди никоҳ бастаанд ва баъзеи дигар танҳо никоҳ кардаанд", – гуфтааст намояндаи Кумитаи занони Ӯзбекистон дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд.

Қонунҳои амалкунандаи Ӯзбекистон барои бисёрзанӣ ҷазо дар шакли то се соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 50 то 150 нишондоди маоши ҳадди ақалро пешбинӣ кардаанд. Дар ин гуна ҳолатҳо занон муҷозот намешаванд.

Вале дар қонунгузории феълии Ӯзбекистон дар бораи имомҳое, ки никоҳ карда, ба бисёрзанӣ мусоидат мекунанд, чизе гуфта нашудааст. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран гуфт, ки тибқи лоиҳаи қонуни нав, агар ходимони дин бе шаҳодатномаи давлатӣ никоҳ кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...