Тоҷики аз Киев ба ватан истирдодшуда ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини ноҳияи Шаҳринав Ғанӣ Абдусатторов барои робита доштан бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ба ҳабс гирифта шуда, моҳи феврали соли 2017 ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Гуфта мешавад, номбурда ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дастгирӣ […]

Asia-Plus

Сокини ноҳияи Шаҳринав Ғанӣ Абдусатторов барои робита доштан бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ба ҳабс гирифта шуда, моҳи феврали соли 2017 ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дастгирӣ ва бо дигар аъзоёни ин ташкилот робитаи мустаҳкам барқарор намуда, бо ин мақсад барои ҷалби дигар шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба сафи ин ташкилот кӯшиш ва мусоидат намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.