Ихроҷи 63 донишҷӯ аз филиали ДДМ дар Душанбе

Аз филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе 63 нафар донишҷӯён хориҷ карда шуданд. Директори иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Сайъало Мирзоев дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аксари онҳо (73%) донишҷӯёни соли аввали таҳсил буда, бо сабаби қарз аз имтиҳонҳо ва дониши паст аз давраи таҳсил дар мактаби миёна хориҷ карда шудаанд. […]

Asia-Plus

Аз филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) дар Душанбе 63 нафар донишҷӯён хориҷ карда шуданд.

Директори иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Сайъало Мирзоев дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки аксари онҳо (73%) донишҷӯёни соли аввали таҳсил буда, бо сабаби қарз аз имтиҳонҳо ва дониши паст аз давраи таҳсил дар мактаби миёна хориҷ карда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар филиали донишгоҳ 504 нафар таҳсили илм доштаанд, ки 347 нафарашон бар асоси буҷетӣ ва 157 нафар тибқи шартнома таълим мегирифтаанд ва аттестатсияи ҷамъбастиро аз рӯи шаш самти омодагии бакалавриат 125 нафар донишҷӯён гузаштаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбастии соли 2017 хатмкунандагони филиали ДДМ дар Душанбе 19 диплом «бо баҳои аъло» гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.