Дар шарҳнависӣ мулоҳизакор бошед, ҷавобгарӣ дошта метавонад

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дастрасии маълумот дар бораи аз кадом саҳифаҳои шабакаи Интернет боздид намудани шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ дода шудааст. Барои боздид аз баъзе сомонаҳои “номатлуб” аз озодӣ маҳрум шудан ҳам имкон дорад. Акун маълум шуд, ки барои шарҳу тавзеҳҳои зери маводу хабар низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда метавонанд… Пайгириву санҷиш интихобӣ мешавад […]

Asia-Plus

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дастрасии маълумот дар бораи аз кадом саҳифаҳои шабакаи Интернет боздид намудани шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ дода шудааст.

Барои боздид аз баъзе сомонаҳои “номатлуб” аз озодӣ маҳрум шудан ҳам имкон дорад. Акун маълум шуд, ки барои шарҳу тавзеҳҳои зери маводу хабар низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда метавонанд…

Пайгириву санҷиш интихобӣ мешавад

Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷӯрахон Маҷидзода ҳанӯз санаи 7 июн зимни суханронӣ дар минбари парлумон изҳор дошта буд, ки тоҷикистониён аз ифротгароён ва террористон бо даъвати пайвастан ба онҳо  ҳамарӯза то 90 ҳазор SMS-паёмакҳо мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз беш аз 3 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи интернет дастрасӣ дошта, зиёда аз 80 фоизи онҳо аз сомонаҳои номатлуб боздид мекунанд, ки ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ тааллуқ доранд.

Дар ин робита вакил пешниҳод намуд, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид гардад. Мутобиқи он акнун баъди тасдиқ дар палатаи болоӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба дастрасии маълумот дар бораи шахсоне, ки аз сомонаҳои «номатлуб» боздид мекунанд, ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Дастрасии нусхаи лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур муяссар нашуд, лекин вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки “пайгирӣ” ё худ санҷиши аз кадом сомонаҳо боздид кардани шаҳрвандон дар шабакаи Интернет интихобӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худашон мустақилона шахсонеро интихоб хоҳанд кард, ки пайгириву санҷиши фаъолияти онҳо дар шабака зарур аст ва дар як вақту якбора пайгириву санҷиши 7 млн. нафар шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.