Президенти Русияро сарватмандтарин одами дунё мешуморанд

Раиси бунёди сармоягузории бритониёии Hermitage Capital Уилям Браудер президенти Русия Владимир Путинро сарватмандтарин одами дунё меҳисобад. Браудер, ки дар Русия дар ҷиноятҳои молӣ айбдор мешавад, дороии Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 27 июл Браудер дар кумитаи ҳуқуқи Сенати ИМА шоҳидӣ дод. Ин кумита дар якҷогӣ бо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси бунёди сармоягузории бритониёии Hermitage Capital Уилям Браудер президенти Русия Владимир Путинро сарватмандтарин одами дунё меҳисобад. Браудер, ки дар Русия дар ҷиноятҳои молӣ айбдор мешавад, дороии Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 27 июл Браудер дар кумитаи ҳуқуқи Сенати ИМА шоҳидӣ дод. Ин кумита дар якҷогӣ бо кумитаҳои дигари Конгресси ИМА дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии соли 2016-и Амрико таҳқиқ мекунад.

Браудер гуфт, ки "вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ"-и Путин талош барои бекор кардани "Эъломияи Магнитский" аст. Ин санадро ИМА соли 2012 қабул кард. Санад ҳақ медиҳад, зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия, ки дар вайрон кардани ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳрим ҷорӣ шавад.

Ба андешаи роҳбари Hermitage Capital, 10 ҳазор зердасти Путин ба ғасби моликият, ҳабс, одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳатто куштор машғуланд ва ба ҳамаи онҳо президент кафолати беҷазоӣ додааст. Дар ҳамин ҳол, "Эъломияи Магнитский" метавонад ба ин монеъ шавад. Дар асоси санади мазкур ва қонунҳои дигари ба ин монанд алакай суратҳисобҳои бонкии чандин фарди наздик ба Владимир Путин ҳабс шудааст.

Рӯзи 19 июл дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время" Браудер гуфт, ки Путин мехост, тавассути ширкати офшории дӯсташ Сергей Ролдунг 230 миллион доллар ба даст орад. Дар гузашта Сергей Магнитский хабар дода буд, ки ин маблағҳо аз будҷа дуздида шудаанд. Барои хабар додан дар ин бора, Магнитский нахуст ба ҳабс гирифта шуд ва баъдтар, дар моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳи Москва ба қатл расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.