«Либоспӯширо ба ман ёд надиҳед». Раҳпаймоии ҳимояи ҳуқуқи занон дар Истанбул

Date:

Дар Истанбул ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон раҳпаймоӣ доир гардид, хабар медиҳад Reuters. Дар он садҳо нафар, аз ҷумла намояндагони ҷамъиятҳои ҳамҷинсгароён низ ширкат варзида, «Либоспӯширо ба ман ёд надиҳед» шиори асосии раҳпаймоӣ буд.

Ин раҳпаймоӣ ба он хотир гузаронида шуд, ки намояндагони ҷомеаи кӯҳнапарасти Туркия бисёр вақт аз сарулибоси занон эрод гирифта, онро номуносиб мешуморанд.

Иштирокчиёни раҳпаймоӣ дар шакли шимҳои кӯтоҳ шиору овезаҳое бо худ доштанд, ки як қисмати ҷомеаи ин кишвар чунин сарулибосро номақбул медонанд.

Қобили зикр аст, ки ба хотири ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон дар Туркия чандин маротиба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо шуданд. Санаи 8 марти соли 2017 дар Истанбул гирдиҳамоийии чандинҳазорнафара таҳти шиори “Озодӣ ба занон” ва талаби истеъфои президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон баргузор шуд.

Дар гузориши соли 2016-и созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch дар ин робита қайд мешавад, ки дар Туркия то ҳол ҳодисаҳои ба истилоҳ “кушторҳо аз рӯи номус” роиҷ аст, ки дар онҳо заноне, ки рафторашонро дар оила номуносиб мешуморанд, қурбон мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...