Дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Чин пешсаф аст

Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 76,6 млн. долларро ташкил дод, ки 58,2% аз ҳаҷми умумии сармоягзории мустақими хориҷӣ аст. Натиҷаҳои семоҳаи дуюми сол алҳол ҷамъбаст нашудааст. Раиси Кумитаи давлатии саармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ин робита изҳор намуд, ки давоми се моҳи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 76,6 млн. долларро ташкил дод, ки 58,2% аз ҳаҷми умумии сармоягзории мустақими хориҷӣ аст. Натиҷаҳои семоҳаи дуюми сол алҳол ҷамъбаст нашудааст.

Раиси Кумитаи давлатии саармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ин робита изҳор намуд, ки давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 131,5 млн. сармоягузорӣ шуда, дар ин давра 339 корхона бар асоси сармояи хориҷӣ фаъолият кардаанд.

Ба қавли номбурда, дар ин самт зинаи дуюмро Русия ишғол намуда, ҳаҷми сармоягузории он ба 20,6 млн. доллар (15,7%) баробар шудааст. Зикр шуд, ки Русия шарики асосии стратегӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, “ояндаи наздик вазъи корҳо дар ин самт хубтар хоҳад шуд”.

Ба панҷгонаи пешсафон аз рӯи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра Нидерланд – 10 млн. (7,6%), Арабистони Саудӣ – 6,9 млн. (5,2%) ва Филиппин – 3,5 млн. доллар (2,7%) низ дохил шудаанд. Дар идома Британияи Кабир, ИМА, Белгия, АМА, Швейтсария ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио