Табдили номи Қӯрғонтеппа ба Бохтар ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, Бохтар ном гирифтани Қӯрғонтеппа ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест. Бино ба иттилои хабаргузории “Озодагон”, Шарофзода дар ин робита изҳор намудааст, ки дар масъалаи Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа феълан гуруҳи корӣ фаъолият дорад. Ӯ зикр кардааст, ки гурӯҳи корӣ то ҳол хулосаи аниқ надода, Кумита […]

Хабаргузории “Озодагон”

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, Бохтар ном гирифтани Қӯрғонтеппа ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест.

Бино ба иттилои хабаргузории “Озодагон”, Шарофзода дар ин робита изҳор намудааст, ки дар масъалаи Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа феълан гуруҳи корӣ фаъолият дорад.

Ӯ зикр кардааст, ки гурӯҳи корӣ то ҳол хулосаи аниқ надода, Кумита хулосаи ин гурӯҳи иборат аз олимони зиёдро мунтазир аст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба – шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ – Калининобод) ба – шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дода буд, дар сурати қабули пешниҳод, он аз ҷониби ҳукумат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.