Вазири рушди иқтисод поинравии ҳаҷми истеҳсолот дар ТАЛКО-ро шарҳ дод

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,3 фоиз кам кард. “Нимсолаи аввал ширкат 49,5 ҳазор тонна (январ-июни соли 2016 – 73,5 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол кард, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин 67,7 фоизро ташкил медиҳад”, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,3 фоиз кам кард.

“Нимсолаи аввал ширкат 49,5 ҳазор тонна (январ-июни соли 2016 – 73,5 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол кард, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин 67,7 фоизро ташкил медиҳад”, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Бино ба гуфтаи вазир, сабаби аслии коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия корношоям шудани электролизерҳо ҳангоми садама дар тарансформатор мебошад, ки дар истеҳсоли металл истифода мешаванд ва барои барқарор кардани онҳо вақти муайяне лозим буд.

Ғайр аз ин, гуфт дар идома Ҳикматуллозода, ба истеҳсоли алюминиии аввалия саривақт дастрас нашудани кокси нафтӣ таъсир расонид, чунки “таъминкунандаи ин маҳсулот ба мушкилоте дучор гардида буд”.

Таъкид шуд, ки тибқи пешгӯиҳо то охири сол истеҳсоли 148 ҳазор тонна алюминий дар корхона пешбинӣ шуда, раҳбарияти корхона итминон додаст, ки баҳри расидан ба фурсати аздастрафта ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мувофиқи маълумоти қаблии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, бар асари садамаи моҳи октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ, 40 адад ваннаи электролизии корхона корношоям шуданд. Ҳар кадоме аз ин ваннаҳо 200 ҳазор доллар арзиш дорад. Ҳамин тариқ, он замон зиёни расида ба ТАЛКО аз ин садама беш аз 8 млн. доллар арзёбӣ шуд.

Дар Вазорати саноат коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминийро ҳамчунин ба саривақт дастрас нашудани ашёи хом, кокси нафтӣ ва криолит, ҳамчунин поинравии нархи алюминий дар Биржаи металли Лондон низ нисбат дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.