Набераи Назарбоев Федератсияи кӯҳнавардонро ба роҳбарӣ гирифт

Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федератсияи кӯҳнавардон ва варзиши кӯҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева – духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федератсияи кӯҳнавардон ва варзиши кӯҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева – духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2016 номи Алиеви 32-сола дар "бойгонии Панама" – нашри иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкии сиёсатмадорон ва тоҷирон дар офшор, пайдо шуд. Дар бархе аз кишварҳо нашри ин иттилоъ боиси ҷанҷолҳо ва истеъфоҳо шуд.

Дар Қазоқистон иттилои мазкур ҳеч сару садое барпо накард. Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки аз рӯи ин қазия таҳқиқро оғоз накардааст, зеро "далелҳои муътамаде дар бораи манбаи иттилои мазкур вуҷуд надоранд".

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.