Шабакаи телевизиони РЕН ТВ навори видеои тирпарронии кормандони пулис бо аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи «бандаи ГТА» дар бинои Суди вилояти Маскавро нашр кард.
Дар навори бесадо дида мешавад, ки чор нафаре, ки назди дари кушодаи толори суд қарор доштанд, пароканда шуда, аъзои «бандаи ГТА» ба толор даромаданӣ мешаванд ва ин замон кормандони пулис аз пинҳонгоҳ ба сӯи онҳо тир мекушоянд.


