Иҷозаи фурӯш ва забҳи чорво дар пойтахт дар арафаи Иди Қурбон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фурӯш ва забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Замони раҳбарии раиси пешини пойтахт фурӯши чорво дар қаламрави шаҳри Душанбе қатъиян манъ гардида буд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе фурӯши чорвои майдаи шохдор таҳти назорати сохторҳои санитарӣ дар остонаи […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фурӯш ва забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Замони раҳбарии раиси пешини пойтахт фурӯши чорво дар қаламрави шаҳри Душанбе қатъиян манъ гардида буд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе фурӯши чорвои майдаи шохдор таҳти назорати сохторҳои санитарӣ дар остонаи Иди Қурбон дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» ташкил карда мешаванд.

Ҳамчунин фурӯши чорвои майда дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ), дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав (ноҳияи Сино) ва дар назди Маҷмааи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2) роҳандозӣ мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва  Раёсати назорати давлатии байторӣ дастур дод, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо ташкил намоянд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе вазиафадор карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.

Ғайр аз ин, мувофиқи қарори раиси пойтахт, ба муносибати Иди Қурбон аз 26 август то 5 сентябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешаванд. Дар ярмаркаҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешкаш мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио