Ҳалокати 4 нафар бар асари ба дарёи Язғулом чаппа шудани автомашина

Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автомашина ба дарё чаппа шуда, аз 4 нафари дар дохили он қарордошта ҷасади танҳо 1 нафарашон дарёфт шудааст. Нимаи рӯзи 6 август автомашаинаи тамғаи «ВАЗ-2106» ба дарёи Язғулом чаппа шуда, дар дохили он ҳамроҳи ронада се нафар мусофир ҳузур доштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» сокини маҳаллӣ тариқи телефон хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автомашина ба дарё чаппа шуда, аз 4 нафари дар дохили он қарордошта ҷасади танҳо 1 нафарашон дарёфт шудааст.

Нимаи рӯзи 6 август автомашаинаи тамғаи «ВАЗ-2106» ба дарёи Язғулом чаппа шуда, дар дохили он ҳамроҳи ронада се нафар мусофир ҳузур доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокини маҳаллӣ тариқи телефон хабар дод, то ин вақт бо ҷаҳду талошҳои сокинони деҳаи Андарбак-Жамаги ноҳияи Ванҷ ҷасади сокини 47-солаи маҳаллӣ Маҳбубшоҳ Амоншоев дарёфт шудааст.

Зикр гардид, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои Назруллоҳ Ноибови 50-сола, Имоммаҳмад Имомови 49-сола ва Толиббек Ғиёсови 24-сола идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар мавзеи Приони рух дода, автомашина бар асари аз баландии 100-метр фаромадани санг ва бархӯрдани он ба автомашина ба дарё сарозер рафтааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.