Суди шаҳри Маскав иҷрои қарори истирдоди журналисти «Новая Газета» Худобердӣ Нурматовро, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард, ба таъхир гузошт, хабар медиҳад «Медуза».
Рӯзноманигор то анҷоми баррасии шикояташ дар Суди ҳуқуқи башари Аврупо истирдод намешавад. Ин муддат Алӣ Фирӯз дар маркази будубоши паноҳандагон қарор хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, Deutsche Welle менависад, дар Олмон ба қабули журналист омода буда, Олга Резникова аз Донишгоҳи Гёттинген изҳор доштааст, ки дар ин ҷо ӯ ба таҳқиқот дар лоиҳаҳо оид ба гурезагони Сурия (Алӣ Фирӯз забони арабиро медонад) машғул шуда метавонад ва пардохти стипендияи кори ӯро фонди Борис Немтсов ба уҳда гирифтааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, бахши олмонии созмони «Хабарнигорони бидуни марз» низ хостори ҳамкорӣ бо Алӣ Фирӯз шудааст.




