Ҳалокати сайёҳон аз заминларзаи шадид дар Чин

Дар вилояти Сичуани Чин воқеъ дар маркази ин кишвар заминаларзаи иқтидораш 6,5 балл рух дода, тибқи маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бар асари он дастикам 13 нафар ҳалок ва беш аз 60 нафар осеб дидаанд. Бино ба маълумоти Франс Пресс, комиссияи миллии Чин оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ огаҳ кардааст, ки қурбонии беш аз 100 нафар […]

Asia-Plus

Дар вилояти Сичуани Чин воқеъ дар маркази ин кишвар заминаларзаи иқтидораш 6,5 балл рух дода, тибқи маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бар асари он дастикам 13 нафар ҳалок ва беш аз 60 нафар осеб дидаанд.

Бино ба маълумоти Франс Пресс, комиссияи миллии Чин оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ огаҳ кардааст, ки қурбонии беш аз 100 нафар ва тахриби зиёда аз 130 ҳазор манзилҳо дар ин заминларза аз эҳтимол дур нест.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс бо истинод ба як мансабдори маҳаллӣ хабар медиҳад, ки панҷ тан аз ҳалокшудагон сайёҳони хориҷӣ будаанд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки Сичуан яке аз вилоятҳои аҳолиаш сершумор маҳсуб ёфта, ҳодисаҳои заминларза дар ин ҷо тез-тез рух медиҳанд. Бар асари заминларзаи соли 2008 дар ин минтақа беш аз 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.