Кормандони милитсия як мардро ба гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Як зани сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз болои ин мард шикоят кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 24-солаи шаҳри Конибодомро кормандони милитсия бар асоси аризаи зани 38-солаи сокини пойтахти шимолии Русия дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии ин зан даромада, аз ӯ бо баҳонаи харидорӣ намудани 2 адад автомашинаҳои тамғаҳои гуногун 1,5 млн рубли русӣ маблағ гирифта, то ҳол онро барнагардонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


