Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бинои нави госпитали ҳарбии 415-ум доир гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини вазири мудофиаи Русия Тимур Иванов, кормандони сафорати ин кишвар, хизматчиёни ҳарбии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, низомиёни пойгоҳ ва кормандони тиббиии он ширкат варзиданд.
Муовини вазири мудофаи Русия изҳор дошт, ки ин муассисаи тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, барои табобати беш аз 3 ҳазор нафар беморон дар як сол пешбинӣ шудааст. Ӯ ҳамчунин ба госпитал тасвири дини христанӣ (икона) тақдим намуд.