Пардохти пурраи қарзҳои Тоҷикистон ба Эрону Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Шурӯъ аз соли 2015 то нимаи аввали соли равон Тоҷикистон қарзҳояш ба Эрону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, вале дар бораи ҳаҷми мушаххаси қарз ба ин давлатҳо маълумот дода намешавад. Айни замон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 303,4 млн. долларро ташкил медиҳад. […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз соли 2015 то нимаи аввали соли равон Тоҷикистон қарзҳояш ба Эрону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро пурра пардохт намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, вале дар бораи ҳаҷми мушаххаси қарз ба ин давлатҳо маълумот дода намешавад.

Айни замон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 303,4 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон бар асоси дуҷониба айни замон Чин мебошад, ки ба аввали моҳи июли соли равон ҳаҷми он беш аз 1 млрд. 217,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзи Тоҷикистон назди Фондуи Саудӣ ба 44,9 млн., Фонди Кувайт – 38,7 млн. ва ҳукумати Фаронса – 24 млн. доллар баробар аст.

Ҳаҷми қарзи кишвар бар асоси дуҷониба дар ин давра 1 млрд. 380,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси бисёрҷониба қарздиҳандагони бузурги Тоҷикистон ниҳодҳои молии байнулмилалӣ буда, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ – 299,9 млн., Бонки осиёгии рушд – 227,5 млн., Бонки исломии рушд – 111,9 млн. ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 101,1 млн. доллар қарздор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.