Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик ба Ҷидда раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик иборат аз 185 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор шуд. Ба гуфтаи сармутахассиси Кумитаи дин Мансур Назаров, тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд. […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик иборат аз 185 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор шуд.

Ба гуфтаи сармутахассиси Кумитаи дин Мансур Назаров, тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.

Парвозҳо ба шаҳри Ҷидда аз ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. Охирин гурӯҳи зойирини тоҷикистонӣ рӯзи 23 август ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд.

Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира – беш аз 3 ҳазору 630 доллар) муқаррар шуда, шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир – 6,3 ҳазор нафар боқӣ мондааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар бораи ба квотаи ҳаҷ дохил накардани шахсони синни аз 40-сола поин қарор қабул шуда, Кумитаи дин бо ин васила масъалаи навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл карданист.

«Ҳадафи ин қарори мо бештар ба шахсони калонсол фароҳам оврадани имкон барои адои маросими ҳаҷ ва амалӣ шудани орзуи деринаи онҳост», – гуфта буданд он замон дар Кумитаи дин.

Муддати чандин сол Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро 20% кам мекунад ва бисёре аз шахсони калонсол аз имкони адои маросими ҳаҷ маҳрум мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио