Кумаки диаспораи тоҷикон ба зойирини дармонда дар Домодедово

Бачаҳои тоҷики шаҳри Домодедово рӯзи 23 август аввалин шуда, ба кӯмаки 47 ҳоҷии дар фурудгоҳи Домодедово дармонда расиданд ва барои онҳо хӯроки гарм оварданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Фарҳод Одинаев, намояндаи ҷамъияти тоҷикон гуфтааст, бачаҳои тоҷик аз имкони чунин кори савоб дар роҳи ризои Аллоҳ ақиб монда наметавонистанд. Моҷарои омада ба сари […]

Akhbor.com

Бачаҳои тоҷики шаҳри Домодедово рӯзи 23 август аввалин шуда, ба кӯмаки 47 ҳоҷии дар фурудгоҳи Домодедово дармонда расиданд ва барои онҳо хӯроки гарм оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Фарҳод Одинаев, намояндаи ҷамъияти тоҷикон гуфтааст, бачаҳои тоҷик аз имкони чунин кори савоб дар роҳи ризои Аллоҳ ақиб монда наметавонистанд.

Моҷарои омада ба сари 47 талабгори сафари Ҳаҷ аз ҷумҳурии Бошқирдистонро рӯзи 23 август ҳомии ҳуқуқ Расул Тавдиряков расонаӣ кард. Ӯ бо нашри чанд видео дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин гурӯҳи ҳоҷиён аз Бошқирдистон зоҳиран ба фиреби касе афтодаанд ва инак ду рӯз боз дар фурудгоҳи Домодедово дармонда, ба Арабистони Саудӣ сафар карда наметавонанд.

Намояндагони ширкате, ки аз ин 47 ҳоҷӣ бо ваъдаи таъмини сафари Ҳаҷ пули калон рӯёндааст, дар ин ҳама вақт ба онҳо ҳамагӣ се шиша об додааст.

Расул Тавдиряков ба мусалмонони шаҳру вилояти Маскав муроҷиат кард, ки ба кумаки ин зоирон бирасанд, чунки онҳо дар фурудгоҳи Домодедово шароити пайдо кардани ғизои ҳалолро надоранд.

Ва алакай соате баъди ин муроҷиат як гурӯҳи бачаҳои тоҷик бо халтаҳову пур аз ғизо ва обу нӯшобаҳо, тарбузу харбуза ва сабзавоту меваҷот дар фурудгоҳи Домодедово ҳозир шуданд ва зоирони бечорамондаро бо ғизои гарм таъмин карданд. Бачаҳои тоҷик барои зоирон ҳатто оши палави тоҷикӣ пухта оварданд.

Расул Тавдиряков навишт, ки бачаҳои тоҷик аз ҷамъияти тоҷикони шаҳри Домодедово нахустин нафароне буданд, ки ба муроҷиати ӯ ҷавоб доданд. Ба дунбол, чанд созмони дигари хайрия низ ба кӯмаки зоирони дармонда дар фурудгоҳи Домодедово расидаанд.

Фарҳод Одинаев, намояндаи ҷамъияти тоҷикони Домодедово гуфт, "бачаҳои тоҷик аз чунин имкони анҷоми як кори савоб дар роҳи ризои Аллоҳ ақиб монда наметавонистанд.”

Дар видеое, ки Тавдиряков дида мешавад, ки намояндаи тоҷикҳо мегӯяд, барои хӯроки шоми зоирон низ ҳар чизе лозим шавад, як занг ба онҳо бизананд, кофист: "Ҳама чизро мо худамон таъмин мекунем."

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.