Ӯзбекистоние, ки якуним моҳ пеш ба ИМА омада буд, кушта шуд

Ӯзбекистонии 40-сола дар шаҳри Нэшвилли аёлати Теннисси Амрико вафот кард. Ба огаҳии пулис, ин мард Дониёр Абдумаҷидов буд, ки 1,5 моҳ пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико омад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Дониёр Абдумаҷидов 25 август аз сараш тир хӯрдааст. Пулис ҳодисаро тафтиш мекунад. Маълум нест, ки чаро ба Абдумаҷидов ҳамла […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистонии 40-сола дар шаҳри Нэшвилли аёлати Теннисси Амрико вафот кард. Ба огаҳии пулис, ин мард Дониёр Абдумаҷидов буд, ки 1,5 моҳ пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико омад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Дониёр Абдумаҷидов 25 август аз сараш тир хӯрдааст. Пулис ҳодисаро тафтиш мекунад. Маълум нест, ки чаро ба Абдумаҷидов ҳамла сурат гирифтааст.

Расонаҳо менависанд, Дониёр Абдумаҷидов дар як корхонаи питсопазӣ фаъолият мекард.

Ҳомии ҳуқуқи ӯзбек Суҳроб Исмоилов, ки ӯ низ дар Амрико зиндагӣ мекунад, гуфт, давоми чанд рӯз барои кӯмак ба Дониёр Абдумаҷидови маҷруҳ наздики 40 ҳазор доллар ҷамъ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.