БМТ пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро ба муомилот мебарорад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро ба муомилот мебарорад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ бо унсури иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Гуфта мешавад, ин амал бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро ба муомилот мебарорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ бо унсури иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, ин амал бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм роҳандозӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.