1 сентябр ба дарс. Вазорати маориф мегӯяд, қонуншиканӣ накардааст

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастуреро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он сарфи назар аз Иди Қурбон, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён 1 сентябр ба ҳозир шудан ба машғулиятҳо уҳдадор мешаванд. Дар Вазорати маориф мегӯянд, бо ин қарор ҳуқуқи касе поймол намешавад. Котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастуреро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он сарфи назар аз Иди Қурбон, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён 1 сентябр ба ҳозир шудан ба машғулиятҳо уҳдадор мешаванд. Дар Вазорати маориф мегӯянд, бо ин қарор ҳуқуқи касе поймол намешавад.

Котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад ва толибилмон уҳдадоранд, ки ба машғулиятҳо ҳозир шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорат дар бораи ба рӯзи дигар гузаронида нашудани ҷашни Рӯзи дониш қарор қабул шуда, «бар асоси ин қарор вазир дастур ба имзо расонид ва ин ҷо ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва поймолкунии ҳуқуқи касе ҷой надорад, зеро Рӯзи дониш низ дар қонун дар бораи рӯзҳои ид дарҷ ёфта, бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. «Иди мусулмонӣ се рӯз ҷашн гирифта шуда, хонандагону донишҷӯён онро рӯзи шанбе ё якшанбе ҷашн гирифта метавонанд», – гуфт ӯ.

Раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Рамазон Одиназода низ итминон медиҳад, ки Вазорати маориф қонунгузориро вайрон намекунад.

«Мувофиқи Рӯзи дониш хонандагон 1 сентябр бояд ба машғулиятҳо ҳозир шаванд ва ин ҷашн дар қонун дар бораи рӯзҳои ид зикр шудаааст, – гуфт ӯ. – Санаи дақиқи идҳои мусулмонӣ дар қонун зикр наёфта, онро Кумитаи дин муайян мекунад. Рӯзи донишро қонун ва Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор муайян мекунад, аз ин рӯ ҷашни дар қонун зикршуда афзалият дошта, ин ҷо ҳеҷ қонуншикнаие сурат намегирад. Хонандагон бояд 1 сентябр ба мактаб раванд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.