Вазорати мудофиаи Русия дар бораи қатли 800 ҷангии ДИ хабар дод

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии кайҳонии ин кишвар артиши Сурия беш аз 800 нафар ҷангиёни Давлати исломӣ (ДИ)-ро дар мавзеи Ганем-Алӣ куштааст, менависад Медуза. Бино ба маълумоти варақаи иттилоотӣ, низомиёни Сурия ва Русия «шикасти гурӯҳи аз ҳама қобили ҷанг ва хуб мусаллаҳи Давлати исломиро дар водии назди дарёфи Фурот ба […]

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии кайҳонии ин кишвар артиши Сурия беш аз 800 нафар ҷангиёни Давлати исломӣ (ДИ)-ро дар мавзеи Ганем-Алӣ куштааст, менависад Медуза.

Бино ба маълумоти варақаи иттилоотӣ, низомиёни Сурия ва Русия «шикасти гурӯҳи аз ҳама қобили ҷанг ва хуб мусаллаҳи Давлати исломиро дар водии назди дарёфи Фурот ба итмом расонидаанд».

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт 13 танк, 39 автомашинаи мусаллаҳ бо пулемёти бузургҳаҷм, 9 миномёт ва дигар аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки задухӯрдҳо дар канори Ганем-Алӣ аз моҳи июл идома дошта, охири моҳи гузашта дар бораи тасарруфи ин мавзеъ маълумот дода шуд. Даҳаи сеюми моҳи август террористон дубора мавзеъро бозпас гирифтанӣ шуда, вале баъдан ин қаламрав зери назорати низомиёни Сурия қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.