Тасдиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим дар Маҷлиси миллӣ

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз аз тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷонибдорӣ намуданд. Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки тамоми намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба сарнавишти кишвар бетараф нестанд, бояд чунин рафтор кунанд, ки меъёрҳои қонуни қабулшуда дар рӯи коғаз боқӣ намонанд. Бо […]

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз аз тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки тамоми намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба сарнавишти кишвар бетараф нестанд, бояд чунин рафтор кунанд, ки меъёрҳои қонуни қабулшуда дар рӯи коғаз боқӣ намонанд.

Бо пешниҳоди раиси палатаи болоии парлумон доир ба қабули қонун илова шуд, ки дар кори риояи меъёрҳои қонун аъзои Маҷлиси миллӣ бояд намуна бошанд ва уҳдадоранд, ки онро миёни аҳолӣ шарҳу тавзеҳ бидиҳанд.

Ба ақидаи роҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода, тӯли садсолаҳо мардуми тоҷик ба иштибоҳҳо роҳ дода, бисёре аз расму оинҳои бегонаро қабул кард.

«Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки дар таърихи навтарин мардум ҷашну идҳои барои мо бегона, аз қабили Соли нави масеҳӣ ё ҷашни зодрӯзро қабул кард», – гуфт Баротзода.

Қонуни имрӯз қабулшуда аз аҳолӣ низ даъват мекунад, ки идҳои Рамазону Қурбонро хоксорона бидуни харҷи зиёду исрофкорӣ ҷашн гиранд.

Тибқи меъёрҳои қонуни имрӯз тасдиқшуда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба эҳтироми асосҳои фарҳангӣ миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ, ҳамчунин ҳимояи онҳо аз зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир уҳдадор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.