Таҳқиқи ҳодисаи пултамаъкунии кормандони милитсия аз сайёҳи олмонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри мавод дар сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия тамаъ кардани пул аз сайёҳи олмонӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ санҷиш оғоз кард. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як профессори олмонӣ иддао кардааст, ки ҳангоми саёҳаташ дар шаҳри Душанбе ва кӯшиши аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри мавод дар сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия тамаъ кардани пул аз сайёҳи олмонӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ санҷиш оғоз кард.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, як профессори олмонӣ иддао кардааст, ки ҳангоми саёҳаташ дар шаҳри Душанбе ва кӯшиши аксбардорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23-юми август мавриди пурсиш ва тамаъҷӯии маъмурони милиса қарор гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, раҳбарияти Вазорат супориш додааст, ки ин маълумот санҷида шавад.

«Санҷиш ҳудуди 1 ҳафта идома ёфта, баъдан аз натиҷаҳояш маълумот дода мешавад, – гуфт номбурда. – Санҷиш аз рӯи далели нашри маълумот сурат мегирад, зеро шаҳрванди Олмон дар бораи тамаъҷӯиии кормандони милиса нисбаташ ба мақомоти милитсия муроҷиат накардааст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.