Дарёфти ҷасади муовини сардори ШВКД ноҳияи Айнӣ 300 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса

Date:

Ҷасади муовини сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода баъди 19 рӯз дарёфт шуд. Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ, ки ба он ҷо муовини сардори ШВКД таъин шуда буд, ба садама дучор гардида, бедарак шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита хабар дод, ҷасади Рамазон Муҳаммадзода 300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Тавре қаблан эҳтимол мерафт, автомашинаи таҳти идораи Муҳаммадзода назди деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба рӯдхонаи Фондарё чаппа шуда, дар соҳили дарё ҳуҷҷатҳои муовини тозатаъини сардори ШВКД пайдо шуда буданд.

«Дар автомашина ҳамчунин се мусофири дигар – Қурбоной Сардороваи 65-сола ва Раҷаб Ҳайталиеви 72-сола, сокинони ноҳияи Панҷ, сокини ноҳияи Мастчоҳ Абдуллобек Усмонови 66-сола низ ҳузур доштаанд, ки ҷасадҳои онҳо низ дарёфт шуд», – гуфт намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Аввали моҳи августи соли равон Рамазон Муҳаммадзода ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ таъин шуда, дар роҳ ба ҷойи кори нав ба садама дучор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,мусофирон ба осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли ҷумҳурӣ сафар доштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...