Президент бо сафари давлатӣ ба Чин раҳсипор шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти БРИКС (гурӯҳи иборат аз 5 кишвар: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) дар шаҳри Сямени Чин баргузор мешавад. Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои хориҷиаш пешбинӣ мешавад.

Ба ҷуз иштирок дар кори нишасти БРИКС ва дидору гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби он, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари давлати Чин масъалаи ҷудо шудани грант барои сохтмони маҷмааҳои бинои парлумон ва ҳукуматро низ баррасӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санаи 23 август Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.