Боздошти наздики 4 ҳазор нафар «шабгардҳо» дар шимоли Ӯзбекистон

Дар як рейди муштарак бо ҳузури мақомоти корҳои дохилӣ, додситонӣ, шӯрои вилоятӣ, кормандони додгоҳ, намояндагони ҳукумати маҳаллии вилояти Хоразми Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 26-27 август баргузор шуд, зиёда аз 3700 сокине боздошт шуд, ки шабонгоҳ баъд аз соати 21 "бе ҳадаф гашту гузор" мекарданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мафҳуми "бе ҳадаф гашту […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар як рейди муштарак бо ҳузури мақомоти корҳои дохилӣ, додситонӣ, шӯрои вилоятӣ, кормандони додгоҳ, намояндагони ҳукумати маҳаллии вилояти Хоразми Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 26-27 август баргузор шуд, зиёда аз 3700 сокине боздошт шуд, ки шабонгоҳ баъд аз соати 21 "бе ҳадаф гашту гузор" мекарданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мафҳуми "бе ҳадаф гашту гузор кардан" дар иттилоияи бахши вилоятии пулис зикр шудааст. Мақомот хабар медиҳанд, ки аксари боздоштшудаҳо як шабонарӯз дар маҳбас нигаҳдорӣ шуда, баъди ҷарима раҳо гаштаанд. Бо боқимондаҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" сурат гирифтааст.

Як вакили дифоъ аз шаҳри Урганҷ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, кормандони мақомот барои боздошти наздики 4 ҳазор одам, танҳо ба хотири он ки шабонгоҳ сайру гашт мекунанд, асоси ҳуқуқӣ надоштанд.

"Қонунгузории Ӯзбекистон "бе ҳадаф сайру гашт кардан"-ро ҷиноят ё қонуншиканӣ баҳо надодааст. Агар дар кишвар ҷанг набошад ва қуюди шабгардӣ эълон нашуда бошад, шабгардӣ қонуншиканӣ нест. Ҳар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳар соати шабонарӯз дар шаҳр бе ҳадаф ё бо ҳадаф равуо кунад. Ин рафтори пулис ва додситонии вилояти Хоразм ноогоҳии ҳуқуқии онҳоро ба намоиш гузошт", – гуфт вакили дифоъ.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки пулиси вилояти Хоразм аз ҳадди салоҳиятҳояш берун рафта, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кардааст.

"Онҳо дастур нагирифта буданд, ки шаҳрвандонро боздошт кунанд. Ин корро худсарона кардаанд. Дар иттилоияи худ онҳо боздоштшудаҳаро бар ғалат "бе ҳадаф гашту гузоркунанда" навиштаанд. Табиист, ки боздошти наздики 4 ҳазор одам дар ҷомеа сару садо ба бор овард. Аммо аз сӯи дигар он шаб дар вилояти Хоразм чаҳор одами дар ҷустуҷӯ буда боздошт шуд", – хабар медиҳад ВКД Ӯзбекистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.