Дар Тошканд муҷассамаи Ислом Каримов қомат афрохт

Дар маросими ифтитоҳи муҷассама президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсари нахустин президенти ин кишвар Татяна Каримова иштирок карданд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад. Муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар назди қароргоҳи Оқсарой дар Тошканд қомат афрохт. Дар ин маросим ҳамчунин нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ва муовинони ӯ, роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, намояндагони парлумон […]

Asia-Plus

Дар маросими ифтитоҳи муҷассама президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсари нахустин президенти ин кишвар Татяна Каримова иштирок карданд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад.

Муҷассамаи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар назди қароргоҳи Оқсарой дар Тошканд қомат афрохт.

Дар ин маросим ҳамчунин нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ва муовинони ӯ, роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, намояндагони парлумон ва аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Муаллифи тарҳи муҷассама ҳайкалтарош Илҳом Ҷабборов мебошад, ки ҳамчунин Муҷассамаи истиқлолият ва башардӯстӣ дар майдони Мустақиллик ва ҳайкали Амир Темурро низ бунёд кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.