Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон аз шумори қаблан зикршуда зиёдтаранд

Пентагон рӯзи чаҳоршанбеи 30 август хабар дод, ки шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба 11 ҳазор нафар мерасад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории "Рейтерс", Пентагон пештар рақами 8 ҳазору 400-ро зикр мекард. Роҳбари Кумитаи эътилофи роҳбарони ситодҳои нерӯҳои низомии ИМА Кеннет Маккензӣ гуфт, "гап дар бораи тарзи дигар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пентагон рӯзи чаҳоршанбеи 30 август хабар дод, ки шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба 11 ҳазор нафар мерасад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории "Рейтерс", Пентагон пештар рақами 8 ҳазору 400-ро зикр мекард.

Роҳбари Кумитаи эътилофи роҳбарони ситодҳои нерӯҳои низомии ИМА Кеннет Маккензӣ гуфт, "гап дар бораи тарзи дигар ҳисоб кардани шумори низомиҳо меравад, ки на танҳо нерӯҳои доимӣ, балки нерӯҳои муваққатро низ ба инобат мегирад. Инчунин ошкор кардани шумори дақиқ ба манзури шаффофияти ҳузури ИМА дар Афғонистон аст".

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи навро дар умури Афғонистон муаррифӣ кард. Расонаҳои ИМА навиштанд, ки Трамп метавонад шумори низомиёни амрикоиро дар Афғонистон 4 ҳазор бештар кунад.

Ба гуфати Маккензӣ, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис ҳанӯз дастури афзоиши шумори низомиҳоро дар Афғонистон надодааст.

ИМА дар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ соли 2001 амалиёти ҷангиро дар Афғонистон шуруъ кард. Ин қатъномаи як рӯз баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 қабул шуд. Дар тӯли амалиёти ҷангӣ дар Афзонистон бештар аз 2,3 ҳазор низомии амрикоӣ кушта ва қариб 18 ҳазори дигар маҷруҳ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.