Табодули паёмҳои табрикотӣ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон

Сарони кишварҳои Тоҷикистону бо ирсоли паёмҳои табрики ҷудогона фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни худ ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.  Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароиданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Эрон […]

Аваз Юлдошев

Сарони кишварҳои Тоҷикистону бо ирсоли паёмҳои табрики ҷудогона фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни худ ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.  Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароиданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ  изҳори умедворӣи шудааст муносиботи дӯстона ва ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо бар асоси манофеъи ду миллат дар оянда густариш  ёбад.

Дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ зикр мегардад, ки бо талоши ҳамаи кишварҳои ҷаҳони ислом ба терроризми байнулмилалӣ, ки кишварҳои абарқудрат ба майдон оварданд, хотима бахшида шуда, дар кишварҳои мусулмонӣ сулҳу субот ҳукмфармо мегардад.

Дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дар бораи ин паёмҳо маълумот дода нашудааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.