Вакилон тағйиру иловаҳо ба қонуни танзимро ба мардум шарҳ медиҳанд

Вакилони парлумон моҳияти тағйиру иловаҳоеро, ки охири моҳи гузашта ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ворид гардиданд, ба мардум шарҳ медиҳанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, аз 10 то 20 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳо вохӯриҳо мегузаронанд. Ба гуфтаи ӯ, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони парлумон моҳияти тағйиру иловаҳоеро, ки охири моҳи гузашта ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ворид гардиданд, ба мардум шарҳ медиҳанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, аз 10 то 20 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар минтақаҳо вохӯриҳо мегузаронанд.

Ба гуфтаи ӯ, раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров назди онҳо вазифа гузоштааст, ки моҳияти тағйиру иловаҳоро ба интихобкунандагон худ шарҳу тавзеҳ бидиҳанд.

“Дар минтақаҳо вакилон ҳамчунин бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти ҷойдоштаи интихобкунандагон аз наздик шинос шуда, ба аҳолӣ доир ба фаъолияти парлумон ва ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумот медиҳанд”, – иброз дошт номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.