Ваъдаи ба муштариёни «Тоҷпромбонк» баргардонидани амонатҳо

Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саил рӯзи 4 сентябр 7 нафар саҳмдорони бонки барҳамдодашудаи “Тоҷпромбонк”-ро ба ҳузур пазируфт. “Мо ба Давлаталӣ Саид доир ба масъалаи гирифта натавонистани маблағҳоямон дар робита ба барҳам дода шудани бонк изҳори ташвиш намудем. Ба мо мудом мегӯянд, ки баъди фурӯши амволи бонк амонатҳоямонро бармегардонанд. Вале чӣ тавр онҳо амволашонро фурӯхта […]

Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саил рӯзи 4 сентябр 7 нафар саҳмдорони бонки барҳамдодашудаи “Тоҷпромбонк”-ро ба ҳузур пазируфт.

“Мо ба Давлаталӣ Саид доир ба масъалаи гирифта натавонистани маблағҳоямон дар робита ба барҳам дода шудани бонк изҳори ташвиш намудем. Ба мо мудом мегӯянд, ки баъди фурӯши амволи бонк амонатҳоямонро бармегардонанд. Вале чӣ тавр онҳо амволашонро фурӯхта метавонанд, дар сурате ки хонаи дуҳуҷрагиро 80 ҳазор доллар нарх гузоштаанд ва ин дар ҳолест, ки айни замон дар бозор чунин хонаро бо 40 ҳазор доллар метавон харидорӣ намуд?”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” амонатгузорон.

Муовини аввали сарвазир арзу шикоятҳои онҳоро шунида, қайд кард, ки васоити ахбори умумро мутолиа мекунад ва аз қазияи атрофи ин бонк огаҳ аст.

“Ӯ ба мо итминон дод, ки ҳукумат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нест. Прокуратураи генералӣ дақиқан ба ошкор кардани сабабҳои муфлисшавии “Тоҷпромбонк” машғул буда, Ҷамшед Зиёев (собиқ раиси бонк) барои бозпурсӣ ба Прокуратури генералӣ даъват шудааст”,- иброз доштанд муштариёни бонк.

Ба қавли муштариёни бонк, Давлаталӣ Самд ҳамчунин зикр кардааст, ки сарфи назар аз мансаби раҳбарӣ барканор шудани Зиёев, ба муфлисшавии ин муассиса маҳз ӯ масъул аст. “Ӯ ба мо ваъда дод, ки амволи охирини Зиёев фурӯхта шуда, маблағи амонатгузорон пурра пардохт мешавад”, – гуфтанд онҳо.

Муовини аввали сарвазир аз муштариён дархост намудааст, ки замони тибқи қонун муқарраршудаи барҳамдиҳии бонкро интизор шаванд. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки пеш аз ҳама, пулҳое шахсоне баргардонида мешаванд, маблағаш на он қадр зиёд аст.

“Пеш аз ҳама, комиссияи барҳамдиҳӣ ба баргардонидани қарзҳои мушкилотдор вазифадор аст, то ки бо муштариён ҳисоббаробарӣ намояд. Ҳамчунин айни замон қобилияти харидории мардум кам шудаааст, ки барои фурӯши амвол мушкилӣ пеш меорад”, – қайд кардааст Давлаталӣ Саид.

Тибқи маълумоти охирин, феълан 2070 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (қарздорони бонк) ба “Тоҷпромбонк” 266 млн. сомонӣ маблағҳоро барнагардонидаанд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк ҳудуди 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаи анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.

Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.