Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолии ниёзманди шаҳри Душанбе кумак кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази иттилооти ҶҲАТ, кумак бо дастгирии сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 4605 кг гӯшти гов ба 1500 нафар ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе расонида шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба 35 нафар ниёзмандон тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ кумак расонида шуд.
«Ба зиёда аз 30 хона-интернатҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе низ чунин кумак расонида шуд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Маркази иттилооти ҶҲАТ.
Ҳамчунин қаблан ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кумак расонид, ки он орд, шакар, равғани растанӣ ва биринҷро дарбар мегирифт.


