Гумонбарии соҳибкор ба фурӯши ғайриқонунии сарулибоси мактабӣ аз Ӯзбекистон

Date:

Дар бозори ҶДММ “Достӣ”-и пойтахт аз як соҳибкор аз шаҳри Истаравшан як миқдор сарулибоси мактабӣ мусодира шуд, ки кормандони гумрук онро ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон воридшуда арзёбӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни баргузории як рейд дар бозорҳои фурӯши либосворӣ, як миқдор сарулибоси мактабӣ ошкор гардидааст, ки бидуни ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муайян карда шудааст, ки сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан дар фурӯшгоҳи худ дар бозори “Достӣ” ба фурӯши сарулибоси мактабие машғул будааст, ки эъломияҳои гумрукӣ надоштаанд. Аз дӯкони соҳибкор 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Ӯзбекистон дарёфт шудааст.

Дар вақти пурсиш муайян гардидааст, ки ин либосҳои кӯдаконаи мактабиро номбурда аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба ӯ ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидорӣ намудааст.

Гуфта мешавад, бо ин ҳаракатҳои худ соҳибкор ба қонуншиканӣ роҳ додааст, ки ҷавобгарии маъмурии он дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ ва мусоидат ба фурӯши моли бидуни назорати гумрукӣ воридшударо пешбинӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати соҳибкор бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...