«Мардуми тоҷику Душанберо дӯст медорам». Татяна Хужина ба Русия баргашт

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон пурра арзиши парвози шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро ҷуброн карда, ба ӯ ва духтарчааш билетҳои нав дод ва субҳи имрӯз онҳо ба Маскав раҳсипор шуданд. “Аздусар ман Душанберо дӯст медорам, ин шаҳр барои ман ҳамеша зодгоҳи асосӣ боқӣ мемонад, ман мардуми тоҷикро барои меҳрубонӣ ва самимияташон дӯст медорам. Сарфи назар аз воқеае, ки […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон пурра арзиши парвози шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро ҷуброн карда, ба ӯ ва духтарчааш билетҳои нав дод ва субҳи имрӯз онҳо ба Маскав раҳсипор шуданд.

“Аздусар ман Душанберо дӯст медорам, ин шаҳр барои ман ҳамеша зодгоҳи асосӣ боқӣ мемонад, ман мардуми тоҷикро барои меҳрубонӣ ва самимияташон дӯст медорам. Сарфи назар аз воқеае, ки бо ман рух дод, муносибатам нисбати ватанам ва мардуми он тағйир наёфтааст. Тоҷикистонро ҳамеша пазмону ёд хоҳам кард”, – гуфт Татяна Хужина ба “Азия-Плюс” пеш аз парвоз аз Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба кӯшиши қочоқи тангаи мисии замони Русияи подшоҳӣ айбдор шуда, ба пардохти 5 ҳазор ҷарима маҳкум шуд. Дар пардохти нисфи маблағи ҷарима ба ӯ раҳбарияти ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” кумак кард.

Ҳукми суд рӯзи 4 сентябр расман мавриди амал қарор гирифта, ҷарима пардохт ва баёноти тарк накардани маҳалли зист бекор шуд ва баъди ин Хужина Тоҷикистонро тарк кард.

Татяна Хужина дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ду соли охир дар вилояти Ярославли Русия иқомат дорад. Тобистони имсол ба Душанбе ба меҳмонӣ омада, рӯзи 18 июн баргаштанӣ буд, вале ӯро дар фурудгоҳ боздошт ва ба парвозаш иҷоза надоданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.