Мӯҳри махфӣ дар парвандаи гаравгонгирии прапоршик дар Дарвоз

Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ҳодисаи гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ ва кушта шудани сарбози гаравгонгир дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон парванда боз карда, таҳқиқро идома медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъулони Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, ки ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст ва ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ҳодисаи гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ ва кушта шудани сарбози гаравгонгир дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон парванда боз карда, таҳқиқро идома медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъулони Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, ки ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст ва ба хотири берун нарафтани сирри тафтишот оид ба ҷузъиёти ин қазия намехоҳанд шарҳи бештар диҳанд.

Мақомот мегӯянд, сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми август пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шудааст.

Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумла гуфт, “тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”

Идибек Хонов, падари сарбози кушташуда мегӯяд, ба тафсилоти марги писараш бовар надорад. Ӯ гуфт, фарзандашро водор кардаанд, ки даст ба чунин амал занад: “Бовар надорам, ки фарзанди ман чунин амали ношоиста карда бошад. Барои ҳамин, ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” муроҷиат кардам, ки маро бо адвокат таъмин намоянд. Ба додгоҳ нисбати ба ҳалокат расидани фарзандам дар қисми ҳарбӣ шикоят мебарам. Мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.