Имзои қарордоди бузургтарини силоҳии С-400 миёни Русия ва Туркия

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор доштааст, ки бо Русия дар бораи таҳвили низоми дифои мушакии С-400 «Триумф» ба артиши кишвараш қарордод ба имзо расид. Бино ба маълумоти «Коммерсант», дар созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки артиши Туркияро бо чор дивизиони чунин низоми мушакӣ ба маблағи умумии беш аз 2 млрд. доллар таъмин намояд. Бинобар сабаби […]

Asia-Plus

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор доштааст, ки бо Русия дар бораи таҳвили низоми дифои мушакии С-400 «Триумф» ба артиши кишвараш қарордод ба имзо расид.

Бино ба маълумоти «Коммерсант», дар созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки артиши Туркияро бо чор дивизиони чунин низоми мушакӣ ба маблағи умумии беш аз 2 млрд. доллар таъмин намояд. Бинобар сабаби ҳалношуда боқӣ мондани баъзе масъалаҳо, баргузории гуфтушунидҳои иловагӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар сурати муваффақона анҷом пазируфтани гуфтушунидҳо, Туркия сеюм кишваре (баъди Русия ва Чин) хоҳад шуд, ки бо низоми мушакии С-400 таъмин мегардад. Ғайр аз ин, Туркия аввалин давлате байни аъзои НАТО мешавад, ки бо Русия чунин қарордоди бузургҳаҷми силоҳӣ мебандад.

Имзои қарордодро ёвари президенти Русия оид ба ҳамкории низомӣ-техникӣ Владимир Кожин ба хабаргузории ТАСС тасдиқ намуда, дар Хадамоти федералии ҳамкории низомӣ-техникӣ изҳор доштаанд, ки Русия ба амалисозии қарордод омода аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.